Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пабло Неруда заҳролуд нашуда буд


Пабло Неруда
Пабло Неруда
Мутахассисон дар ҷасади шоири маъруфи чилигӣ, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Пабло Неруда нишоне аз заҳролудшавиро пайдо накарданд. Онҳо рӯзи ҷумъа гуфтанд, ки дар ҷасад фақат осори дорувор ошкор шудаасту халос.

Пабло Неруда, ки аз ақидаҳои коммунистӣ пуштибонӣ мекард, соли 1973 баъд аз табаддулоти низомӣ дар Чилӣ дар беморситон аз олам даргузашт. Сабаби марги ӯ расман бемории саратон эълон шуда буд.

Моҳи апрели соли равон, баъди сару садоҳо дар мавриди аз сӯи ҳукумати генерал Аугусто Пиночет заҳролуд шудани шоири маъруф, ҷасади Пабло Нерударо колбадшикофӣ карданд.
XS
SM
MD
LG