Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Афви Байнулмилал аз Эмомалӣ Раҳмон


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал аз раисиҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки дифоъ аз ҳуқуқи башарро дар меҳвари фаъолияти ҳукуматаш қарор диҳад.

Дар як ёддошти ин созмон баъди дар мақоми сарвари Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, ки ҳукумат бояд ба қонуншиканиҳои зиёди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва бидуни муҷозот мондани гунаҳкорон хотима бахшад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, баъди бори чаҳор ба ифои вазифаи раисиҷумҳурӣ шурӯъ намудан Эмомалӣ Раҳмон бояд ба раванди ислоҳот дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар сарварӣ кунад ва аз ҷумла рӯи ислоҳоти низоми адолати додгоҳӣ ва арҷгузорӣ ба ҳаққи мардум барои ибрози назар тамаркуз намояд.
XS
SM
MD
LG