Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 14 612 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли гузашта 10 дар сад зиёд аст. Аз ин миқдор 757 ҷиноят марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор будааст. Рӯзи 2-уми ноябр аз Оҷонсии назорати маводи нашъадор ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки имсол ҷинояти вобаста ба муомилоти маводи нашъадор нисбати соли гузашта кам ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти масъулони ин оҷонсӣ ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар кишвар соли гузашта ҳамагӣ 787 ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон кишварест, ки тавассути марз аз Афғонистон интиқоли аксари маводи мухаддир ба ин кишвар интиқол меёбад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон кишварест, ки тавассути марз аз Афғонистон интиқоли аксари маводи мухаддир ба ин кишвар интиқол меёбад.