Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи қарзи давлатӣ барои се соли оянда тасвиб шуд


Порлумони Тоҷикистон барномаи давлатии қарзи берунии Тоҷикистон барои се соли ояндаро тасвиб кард. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23-уми октябр зимни баррасии барномаи давлатии қарзи берунии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016 таъкид кардааст, ки "барои ин солҳо гирифтани қарзи берунӣ ба маблағи 555 миллион доллар ва 664 миллион доллар қарзи грантӣ пешбинӣ шудааст."

Ба гуфтаи ҷаноби Наҷмиддинов, ин қарзҳо имтиёзнок буда, аз 20 то 40 сол мӯҳлати пардохт доранд.

Вазири молия гуфтааст, дар муддати се соли оянда 547 миллион доллар барои бахши нақлиёту коммуникатсия, 115 миллион доллар - энергетика, 48 миллион - кишоварзӣ, 15, 1 миллион доллар - маориф ва 11,6 миллион доллар - тандурустӣ дар назар аст.

Ба таъкиди Сафаралӣ Наҷмиддинов, қарзҳо аз суи бонкҳои ҷаҳонӣ, осиёии рушд, таҷдид ва бозсозии аврупо ва ғайар ба Тоҷикистон дода мешавад.

Барномаи қарзи давлтии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2016 дар ҳоле аз суи порлумон қабул мешавад, ки тибқи иттилои расмӣ то кунун қарзи берунии Тоҷикистон маблағи 2 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG