Геннадий Онишенко, сардори "Роспотребнадзор" ё Хадамоти беҳдоштии Русия баъд аз 17 соли мақомдорӣ дар ин вазифа бо анҷом расидани муҳлати фаъолияташ ба истеъфо рафт.
Дар ин бора рӯзи сешанбеи 22-уми октябр ҷонишини сарвазири Русия Олга Голодетс хабар додаст. Ба ҷойи Онишенко ҷонишини ӯ Анна Попова таъин шудааст. Онишенко дар бораи истеъфояш аз шарҳ додан худдорӣ кардааст. Тибқи ин иттило Анна Попова, сардори нави хадамоти беҳдошти Русия доктори илмҳои тиб, аз соли 2011 инҷониб муовини Онишенко будааст.
Геннадий Онишенко давоми фаъолияташ дар ин мансаб 5 мӯҳлати президентиро паси сар карда, то ин замон зердасти 6 вазири тандурустӣ шуда кор кардааст.
Генадий Онишенко, давоми фаъолияташ дар ин маснаб зуд-зуд дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор мегирифт. Аз миёнаҳои соли 2000-ум "Роспотребнадзор" ворид кардани шумори зиёде аз маҳсулоти хӯроквориро ба Русия манъ кард. Хушкмеваи Тоҷикистон, майи гурҷӣ, шоколади украинӣ ва ғайра. Вале гуфта мешавад, ин тасмимҳо аксаран ҳадафҳои сиёсӣ доштанд.