Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноболиғи 15-сола аз чанголи хирс ҷон ба саломат бурдааст


Аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки рӯзи 18-уми октябри соли равон ба Абдуҷабор Ҷамолови 15-сола, сокини деҳаи Калназари ноҳияи Рашт, дар кӯҳи ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат хирс дармеафтад. Ба гуфти манбаъ Ҷамололви ноболиғ ҳангоми саргарми кор будан, нобаҳангом хирсе пайдо мегардад, ки якбора ба саги Абдуҷабор ҳамла намуда, дар як лаҳза ӯро бо зарбаи панҷаи худ ба ҳалокат мерасонад. Сипас ба ноболиғ ҳуҷум карда, чанд маротиба бо нохунҳояш ба сару тани ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Хушбахтона Ҷамолов Абдуҷабор аз чанголи хирс раҳо ёфта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Абдуҷаббор Ҷамолов ба кӯҳ барои ҷамъоварии чормағз рафта будааст.
XS
SM
MD
LG