Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳейг ба хонаи кормандони сафорати Русия ҳамла кардаанд


Франс Тиммерманс
Франс Тиммерманс
Пулиси Голландия расидагӣ ба талоши вуруд ба хонаи кормандони сафорати Русия дар Ҳейг ё Гаагаро идома медиҳад. Франс Тиммперманс-вазири корҳои хориҷаи Голландия барои чунин пешомад дар кишвараш узр хостааст.

Шоми панҷшанбе дар Ҳейг афроди ноаълум ғайриқонунӣ ба хонае даромаданд, ки дар он кормандони сафоратхонаи Русия иқомат мекунанд. Хабарнигори радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки ин хона дар кӯчаи Банстраат ба сафорат тааллуқ надорад, сафорат онро барои ду корманди худ иҷора гирифтааст.

Бино ба гуфтаи пулиси Ҳейг, ин бино ба муқаррароти аҳдномаи Вена намедарояд ва пулис ҳақ дорад, ки то анҷоми бозрасӣ дар қаламрави он бимонад.

Пулис мегӯяд, вақти шикастани қуфл ва даромадани афроди номаълум ба ин хона маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки оё дороии ин хона ба ғорат бурда шудааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG