Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Янукович Тимошенкоро барои муолиҷа раҳо мекунад


Виктор Янукович
Виктор Янукович
Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, вай санадеро имзо мекунад, ки бар асоси он Юлия Тимошенко-нахуствазири пешини зиндонӣ метавонад барои муолиҷа ба хориҷ сафар кунад. Вай афзуд, чунин санад таҳия шудааст ва порлмон бояд онро ба тасвиб расонад. Пас аз он Янукович ин санадро имзо хоҳад кард.

Тимошеенко соли 2011 барои суистифода аз мақом 7 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ҳукми вайро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо шартҳои ҳамкорӣ ва тиҷорати озод бо Украинаро бо раҳоии Тимошенко тавъам медонанд.

Украина умед дорад, ки 28-29 ноябр дар мулоқоти раҳбарон дар Вилнюс ин қарордод имзо шавад. Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва духтари Юлияи Тимошенко мегӯянд, ҳар ду ҷониб умедворанд, ки қабл аз мулоқоти Вилнюс хонум Тимошенко аз зиндон раҳо шавад.
XS
SM
MD
LG