Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо раҳбарони Конгресс дар Кохи сафед


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико раҳбарони Конгрессро ба Кохи Сафед хост, то бо онҳо таҳдиди бесобиқаи касри хазинаи Амрикоро баррасӣ кунад. Обама ва Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳур рӯзи душанбе бо раҳброни Конгресс мулоқот намуданд ва дар он имкони боло бурдани мизони қарзро баррасӣ карданд. Обама мегӯяд, ки барои ҳали мушкил байни ҳукумати Демократҳо ва Маҷлиси Намояндагон, ки дар назорати Ҷумҳурихоҳон қарор дорад, баъзе пешрафтҳо ба даст омадааст.

Пештар Кристин Лагард-раиси Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳушдор дод, ки агар Амрико мизони қарзро боло набарад, иқтисоди ҷаҳонӣ ба варшикастагӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Барои ҳали ин мушкил 17 октябр мӯҳлати ниҳоӣ барои Амрико мебошад.
XS
SM
MD
LG