Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар талотум дар иди мазҳабии ҳиндиҳо 60 зойир ҷон бохт


Иди Дурга-пуҷа
Иди Дурга-пуҷа
Дар талотуми издиҳом ҳангоми иди мазҳабии Дурга-пуҷа дар Ҳиндустон дасти кам 60 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан сад зойири дигар осеб диданд. Ба навиштаи хабаргузории DPA, ин ҳодиса дар наздикиҳои ибодатгоҳи Ратангарҳ дар аёлати Мадҳия-Прадеш, воқеъ дар маркази Ҳиндустон, рӯй дод.

Амалиёти наҷотбахширо кормандони полиси маҳаллӣ анҷом доданд. Дурга-пуҷа, иди саҷда ба худои ҳиндуҳо Дурга, ҳар тирамоҳ баргузор мешавад ва чаҳор рӯз идома мекунад.

Аз ин пеш хабар расид, ки теъдоди қурбониёни тундбоди “Файлин” дар Ҳиндустон то ҳафт нафар афзоиш ёфт. Қабл аз ин офати табиӣ тақрибан як миллион аз сокинони аёлатҳои шарқии Орисса ва Андрҳа-Прадеш ба манотиқи амн кӯчонида шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар минтақае, ки мавриди ҳамлаи тундбод қарор гирифт, беш аз 12 миллион нафар ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, суръати тундбод беш аз 200 километр дар як соат буд. Бар асари офати табиӣ хаттҳои интиқоли барқ осеб дида, шоҳроҳҳо масдуд ва ҳаракати қаторҳо қатъ шудааст. Ҳамроҳ бо нерӯҳои изтирорӣ низомиён ҳам ба рафъи паёмадҳои тундбод сафарбар шудаанд.

Чаҳордаҳ сол пеш бар асари тундбод дар аёлати Орисса беш аз 10 ҳазор нафар ҷон бохта буданд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин дафъа онҳо барои муқобила бо офати табиӣ беҳтар омода шуда буданд.
XS
SM
MD
LG