Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати толибилми 8-сола дар таркишҳо дар Димишқ


Дар Димишқ, дар канори меҳмонсарое, ки кормандони СММ ва мутахассисони Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ба сар мебаранд, ду хумпораи миномёт инфиҷор шуд. Дар бораи осебдидагон иттилоъ нарасидааст.

Намояндагони СММ ва Созмони манъи силоҳи кимиёвӣ ду ҳафта боз дар Сурия ба мавзӯи нобудсозии захираи силоҳи қатли ом машғуланд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии Сурия SANA, бар асари ду таркиш дар як маҳаллаи дигари Димишқ даҳ нафар осеб диданд ва як духтараки 8-сола ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки як хумпора дар канори бинои мактаб инфиҷор шудааст.
XS
SM
MD
LG