Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 донишгоҳи бартари дунё эълон шуданд


Миёни чаҳорсад донишгоҳи бартари ҷаҳон, исме аз донишгоҳҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба чашм намехӯрад. Тозатарин рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон барои солҳои 2013-2014 нишон медиҳад, ки 13 донишгоҳи бартари ҷаҳон донишгоҳҳои Бритониё ва Амрико мебошанд. Бар асоси рутбабандие, ки дар маҷаллаи омӯзиши олии Бритониё мунташир шудааст, Муассисаи фановарии Калифорния, Донишгоҳи Ҳорвард ва Донишгоҳи Оксфорд ба тартиб рутбаҳои якум то савумро ба худ ихтисос додаанд. Аз қораи Осиё Донишгоҳи технологии Токио дар рутбаи 125-ум ва Донишгоҳи миллии Тайван дар мақоми 142 ҷой гирифтаанд. Аз муассисаҳои таълимии ҷаҳони ислом дар ин рутбабандӣ Донишгоҳи Боязид дар Туркия дар мақоми 199 ва Донишгоҳи санъатии Шарифи Теҳрон дар ҷойи 251-ум қарор доранд. Донишгоҳи овозадори ба номи Ломоносови Маскав дар ин феҳрист мақоми 236-умро ба худ ихтисос додааст. Ин рутбабандӣ бар асоси шеваи омӯзиш ва парвариши дар донишгоҳҳо, мизони будҷаи таҳқиқотӣ, интиқоли донишҳо ба ҷаҳон, нисбати коркунони донишгоҳ ба донишҷӯён, бо истифода аз иттиллооти оҷонсии хабарии Томсон Ройтерз таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG