Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситоди Бобоназарова мегӯяд, 110 ҳазор имзо ҷамъ овардааст


Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, то кунун 110 ҳазор имзоро ба ҷонибдории номзади худ ҷамъ овардааст. Дар ситод ба Радиои «Озодӣ» гуфтанд, ки навоҳии Рӯдакӣ ва Исфара беш аз ҳар ноҳияи дигар дар кишвар имзои бештаринро ҷамъ овардаанд. Бино ба ин манбаъ, дар навоҳии тобеи марказ, Бадахшон, Суғд ва Хатлон онҳое, ки барои ин номзад ба мақоми президентӣ имзо ҷамъ меоранд, аз ҷониби мардум хуб пазироӣ мешаванд, аммо ҷо-ҷо бо мақомот мушкил пайдо мекунанд. Қаблан Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо як шикоят ба Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз шеваҳои бархӯрди мақомот ба гурӯҳҳои ҷамъоварии имзо барои номзади Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳ шикоят карда буд. Дар ин номаи шикоятӣ омадааст, ки мақомот ҳангоми гузоштани муҳру имзо ба варақаҳои ҷамъоварии имзо мушкил эҷод карда, ғайриқонунӣ рафтор намуданд. Расонаҳои Тоҷикистон раванди кунду ҷамъоварии имзо ба ҷониборӣ аз Ойниҳол Бобоназароваро, ки муҳимтарин рақиби номзади ҳизби ҳоким – ҲХДТ бояд шавад, зикр карда, навиштанд, ки эҳтимолан ситоди ӯ то 7 ноябр ҳадди 212 ҳазор имзоро нагузарад. Имрӯз Комиссияи марказии интихобот хабар дод, ки тамдид кардани ин муҳлат аз эҳтимол дур нест. Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG