Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гурӯҳи ҷиноии фаромиллии қочоқи маводи мухаддир


Ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Суғд як гурӯҳи ҷиноии трансмилии қочоқи маводи мухаддирро боздошт карданд. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки "амалиёти боздошт дар шоҳроҳи Хуҷанд - Конибодом, автомошинаи тамғаи "Мерседе - Бенсро, ки ба Бароталӣ Бегматов, сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошт, боздошт карданд, ки аз дохили он 6, 9 килограм ҳероин кашҷу мусодира гардид. Ба гуфтаи ин манбаъ, ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят, Сайфулло Саидов, сокини 39 - солаи шаҳри Чкалов, ки зодаи шаҳри Кӯлоб будааст, низ боздошт гардид. Аммо ниҳодҳои амнияти шарикони Бегматов ва Саидовро, дар шаҳри Исфара боздошт карданд, ки вай шаҳрванди Қирғизистон, Раҳматбой Тағоев, соли таваллудаш 1968 будааст. Тафтиши қазия собит кардааст, ки ин гуруҳи ҷиноӣ қасд дошт, то маводи мухаддири муосидирашударо ба Қирғизистон интиқол диҳад.

Ҳамчунин ба гуфтаи Нозирҷон Буриев, дар амалиёти дигар дар ноҳияи Мастчоҳ, Умедҷон Саидмирзоев, соли таваллудаш 1988 ва Ҷовидони Мирзобек, соли тавалудаш 1992 боздошт гардиданд, ки дар автомашинаи тамғаи "Опел", ки ба якен аз инҳо тааллуқ дошт, 4 килограм ҳашиш кашфу мусоидар гардид. Нисбати ин ҳодисаҳо парванди ҷиноӣ боз шуда ва тағфтишот ҷараён дорад.

Зимнан, тибиқ иттилои дафтари матбуоти КДАМТ, муддати 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд, беш аз 390 килогррам маводи мухаддир кашфҷу мусоидар шудааст. ки 107 килои он ҳероин аст. Аммо танҳо дар моҳи сентябр миқдори маводи мусодирашуда ҳуқуқи 68 килогррамро ташкил медиҳад, ки беш аз 26 килогррами он ҳероин аст.
XS
SM
MD
LG