Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Туркманистон дар Суғд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти як шаҳрванди Туркманистон дар вилояти Суғдро шарҳ дод.

Маркази матбуотии ин ниҳод мегӯяд, Байрамбердӣ Нурмуҳаммедов, шаҳрванди Туркманистонро кормандони мақомоти милисаи Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кофтуков – Нелегал» дар ҳудуди маркази таъмири техникии маҳаллаи Дӯстии шаҳраки Нови ноҳияи Спитамен боздошт кардаанд.

Бино ба ин манбаъ, алайҳи Байрамбердӣ Нурмуҳаммедов мақомоти Туркманистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ бозкардаанд, зеро мавсуф 17 марти соли 1996, соати 23-и шаб бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамдастонаш Муҳаммадамал Тоҷиалиев, як шиноси худро дар манзили ӯ тариқи силоҳи оташфишон ба қатл расондааст.

Ба иттилои мақомот, Байрамбердӣ Нурмуҳаммедов мутаваллиди 1 январи соли 1963, сокини шаҳри Мари (Марв)-и Туркманистон мебошад.

Ӯ соли 1996 ба ноҳияи Нови вилояти Суғд омада, оиладор мешавад ва дар маркази таъмири техникии автомобилҳо ба кор медарояд.

Ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии №2-и вазорати адлия дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Маркази матбуоти ВКД мегӯяд, ҳоло масъалаи истирдоди ӯ бар пояи Созишномаи ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ аст.
XS
SM
MD
LG