Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикобод


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ду баробар зиёд шудани мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷикобод, дар шарқи ин кишвар ба шиддат изҳори нигаронӣ кард.
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки "президент Раҳмон, панҷшанбеи 26 сентябр зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод, дар шарқи кишвар гуфт, ки "тибқи гузориши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Тоҷикобод тамоюли афзоиши ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад". Соли гузашта дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод 39 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба 18 ҷинояти соли қаблӣ ду баробар зиёд мебошад. Президент Раҳмон, коста гардидани ахлоқи иддае аз наврасон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ва ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе аз онҳоро натиҷаи беаҳамиятиву бемасъулиятии баъзе падару модарон, омӯзгорон ва бетарафии аҳли ҷомеаи ин минтақа арзёбӣ кард. Сафари президент Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт 25 сентябр аз ноҳияи Рашт оғоз ёфт. Интизор меравад, раиси ҷумҳур аз ноҳияҳои Нуробод, Ҷиргатол ва Тавилдара низ дидан кунад.
XS
SM
MD
LG