Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомии 60-солаи ҳуқуқ бо ҷурми қочоқи инсон зиндонӣ шуд


Додгоҳи Узбакистон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи инсон дар ин кишвари Осиёи Марказӣ, Бобомурод Раззоқовро ба чаҳор соли зиндон маҳкум кард. Тавре писари Разоқов ба радиои Озодӣ гуфт, раҳбари 60-солаи созмони “Эзгулик”дар Бухоро, рӯзи сешанбе дар як мурофиаи пӯшида бо ҷурми қочоқи инсон зиндонӣ шудааст. Авоили моҳи равон Созмони маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи инсон - Human Rights Watch, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Разоқовро ҳамчун қасос барои фаъолиятҳои ӯ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон унвон кард. Бобомурод Раззоқов аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон аст, ки бо пахши хабарҳо аз истифодаи нирӯи кӯдак дар заминҳои пахта, дар зодгоҳаш Бухоро, шӯҳрат ёфтааст. “Эзгулик ягона созмонест, ки дар Узбакистон фаъолияти расмӣ дорад.
XS
SM
MD
LG