Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Уэстгейт" таҳти назорати нерӯҳои Кения қарор гирифт


Вазири умури хориҷии Кения Амина Муҳаммад изҳор намуд, ки “ду ё се амрикоӣ” ва “як хонуми бритониёвӣ” дар ҳамла ба маркази тиҷоратӣ дар Найробӣ ширкат доштанд. Ҳамзамон вазорати умури дохилии Кения иттилоъ дод, ки нерӯҳои амниятӣ бинои маркази тиҷорати "Уэстгейт"-ро таҳти назорат гирифтаанд.

Мусаллаҳони гурӯҳи "Ал-Шубоб"-и наздик бо “Ал-Қоида”, ки дар Сомалӣ мустақар аст, рӯзи шанбе бинои маркази тиҷоратиро забт карданд ва дар амалиёти онҳо дасти кам 62 нафар ба ҳалокат расиданд. Шоми якшанбе вазорати умури дохилии Кения дар Твиттер хабар дод, ки бар пояи арзёбии мақомот ҳама гаравгонҳо раҳо ва аз бино берун карда шуданд.

Канада, Фаронса, Бритониё, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳолланд кушта шудани шаҳрвандонашон дар ҳаводиси Найробиро тайид карданд. Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама аз амалҳои ҳукумати Кения алайҳи ифротгароҳо пуштибонӣ намуд.
XS
SM
MD
LG