Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттифоқи касаба низ Эмомалӣ Раҳмонро номзади интихобот кард


Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани 24-уми худ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябр муаррифӣ кард.

Ин тасмим рӯзи сешанбеи 24 сентябр бо ширкати 235 вакил аз тамоми гушаву канори кишвар гирифта шуд.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро, Муродалӣ Солеҳов, раиси Иттифоқи касабаи Тоҷикистон пешниҳод кард ва бидуни алтернатива ҷаноби Раҳмон аз суи вакилони анҷуман ба ин мақом пазируфта шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки рӯзи шанбеи 21 сентябр Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон нахустин шуда номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ муаррифӣ карда буд.

Дар канори 8 ҳизби сиёсӣ, Иттиҳоди ҷавонон ва Иттифоқи касаба ҳаққи пешбарии номзад ба интихоботи президентиро доранд.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба таърихи 6 ноябр баргузор мешавад. То кунун ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли сиёсӣ ва ҳуқуқдони тоҷик, Саъидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демократ, Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари ҳизби сосиалист, Толиббек Бухориев, муовини раиси Академияи кишоварзӣ, Олим Бобоев, раҳбари ҳизби ислооҳоти иқтисодӣ ва Талбак Исмоилов, муовини раҳбари ҳизби коммунист ва вакили порлумон номзад ба мақоми президентӣ муаррифӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG