Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Туркия чархболи Сурияро нобуд сохтанд


Дар ҳарими ҳавоии Туркия як чархболи низомии Сурия нобуд карда шуд. Муовини нахуствазири Туркия Булент Аринч изҳор намуд, ки чархбол дар ҳарими ҳавоии кишвар ду километр дур аз марзи Сурия ошкор шуд. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз мушакандозӣ низомиёни Туркия чанд бор аз халабонҳои чархбол талаб карданд, ки ҳарими кишварро тарк намоянд.

Булент Аринч афзуд, ки дар бораи сарнавишти халабонҳо иттилоъ надорад, зеро чархбол дар қаламрави Сурия суқут кардааст.
XS
SM
MD
LG