Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳамон дар таҷовуз ба номус ба эъдом маҳкум шуданд


Додгоҳ дар шаҳри Деҳлӣ рӯзи ҷумъа чаҳор нафари муттаҳам дар таҷовуз ба номуси як донишҷудухтарро ба эъдом аз тариқи ҳалқовез маҳкум кард. Барои иҷрои ҳукм бояд он аз сӯи Додгоҳи олии Ҳиндустон тасдиқ шавад.

16-уми декабри соли гузашта гурӯҳи шашнафара духтари 23-соларо дар дохили як автобус ба таври дастаҷамъӣ тавоҷуз намуда, баъд ба берун ҳаво додаанд. Духтари донишҷӯ бар асари ҷароҳатҳои сангин дар як бемористони Сингапур аз олам даргузашт. Марги ӯ мавҷи эътирозҳо алайҳи поймолсозии ҳуқуқҳои занон дар саросари Ҳиндустонро ба думбол дошт.

Кормандони полис шаш нафарро бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят боздошт карданд. Моҳи августи соли равон додгоҳ оид ба кори ноболиғон як узви гурӯҳро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят синнаш ба 18 нарасида буд, ба се соли маҳбас маҳкум намуд. Як муҷрими дигар моҳи март худро дар ҳуҷраи зиндон ҳалқовез кард.

Дар мурофиаи додгоҳӣ муттаҳамон айбро ба гардан нагирифтанд. Вакилони дифои онҳо дархост карда буданд, ки додгоҳ бо ҳукми абад ба афроди зери ҳимояташон иктифо кунад.
XS
SM
MD
LG