Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми эъдоми се уйғур "барои фаъолияти террористӣ"


Як додгоҳ дар вилояти худмухтори Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар ғарби Чин, рӯзи панҷшанбе се уйғурро ба эъдом маҳкум кард. Онҳо дар фаъолияти террористӣ айбдор шуданд. Боз як нафари дигар дар робита ба нооромиҳо дар ин вилоят дар моҳи июни соли равон барои 25 сол равонаи зиндон гардид.

Мақомоти Чин ҳаводиси моҳи июнро чун ҳамлаи террористӣ аз сӯи ифротгароҳои мазҳабӣ арзёбӣ намуданд. Расонаҳои кишвар дар бораи ҳамла ба як қароргоҳи полис ва як бинои ҳукуматӣ ва ба оташ кашидани мошинҳои кормандони полис хабар доданд. Дар ин ҳаводис 35 нафар ба ҳалокат расиданд.

Аз ин пеш моҳи июли соли 2009 вилояти Шинҷон-Уйғур ба минтақаи бархӯрдҳо миёни мусалмонҳои уйғур ва чиноиҳо табдил шуда буд. Дар он бархӯрдҳо тақрибан 200 нафар ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG