Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидов раиси Шӯрои кории Созмони Шонгҳой шуд


Шариф Саидов
Шариф Саидов
Роҳбарии Шӯрои кори кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бар души Тоҷикистон вогузор шуд.

Асаналӣ Карамалиев, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, «дар шӯрои кории Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), ки 11-уми сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир шуд, Шариф Саидов, раиси Палатаи савдо ва саноат роҳбари Шӯрои кории кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интихоб карда шуд.»

Карамалиев афзуд, ин шӯро сирф ба масоили иқтисодиву тиҷорӣ ва корӣ миёни кишварҳои узви ин созмон дахл карда барои ҳаллӣ мушкилоти ҳамлу нақли коло, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ талош мекунад. Ба гуфтаи Карамалиев ин шӯро сирф иқтисодӣ буда ба масоили сиёсиву ҳарбӣ дахл намекунад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласаи шӯро Сергей Катирин ва Юй Пин - раисони палатаи савдо ва саноати Русия ва Чин - ба ҳайси муовини раиси шӯрои кори кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интихоб шуданд.

Шӯрои кории СҲШ 14-уми июни соли 2006 баҳри тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви ин созмон таъсис дода шудааст.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони минтақаӣ буда дар он Чин, Русия Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил мебошанд.
XS
SM
MD
LG