Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътои ордени давлатӣ ба домоди президент


Президенти Тоҷикистон ҳангоми додани мукофоти давлатӣ ба Ҷамолиддин Нуралиев.
Президенти Тоҷикистон ҳангоми додани мукофоти давлатӣ ба Ҷамолиддин Нуралиев.
Президенти Тоҷикистон ба Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали вазири молияи кишвар ва домодаш ордени «Шараф дараҷаи-2» тақдим кард.

Вазорати молияи Тоҷикистон 5-уми сентябр иттилоъ дод, ки ба ифтихори 22-ум солгарди истиқлоли Тоҷикистон Президенти Эмомалӣ Раҳмон 3 сентябр дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, чанд тан аз кормандон ва шахсиятҳои масъули Вазорати молия аз ҷумла Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали ин вазоратро бо ордени «Шараф дараҷаи-2 » сарафроз гардондааст.

Ҳамчунин мудири хазинаи давлатии маводи қиматбаҳои вазорати молия Зебунисо Давлатова ва муовини раиси сарраёсати буҷаи ҳамин вазорат Наим Аламхон бо медали «Хизмати шоиста» мушарраф гаштаанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон шавҳари Озода Раҳмонова, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ӯ соли 1999 пас аз хатми Донишгоҳи соҳибкорӣ як муддат ба ҳайси намояндаи Тоикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул кор карда, сипас дар симати муовини вазири молия ва аз соли 2010 ба ин тараф ҳамчун муовини аввали вазири молия фаъолият дорад.
XS
SM
MD
LG