Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним миллиард доллар ваъдаи сармояи АМЕR ба иқтисоди Тоҷикистон


Ширкати чинии АМЕR International Group Co. LTD бо имзои санади ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон қасд дорад, ба иқтисоди Тоҷикистон то 500 миллион доллар сармоя гузорад.

Ёддошти тафоҳум дар ин заминаро Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва Тонг Жанг, муовини президенти ширкати АМЕR рӯзи 4 сентябр дар Душанбе ба имзо расонидаанд.

Масъулони дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "ҷонибҳо дар чорчӯби ин санади ҳамкорӣ ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳоро дар ҷиҳати ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, ба хусус мухобирот, саноати сабук, энергетика, кишоварзӣ, саноати ранга ва роҳу иртиботот густариш хоҳанд дод».

Тонг Жанг дар мулоқот бо Давлаталӣ Саидов эълом доштааст, ки ин ширкат қасди сармоягузории ҳудуди 500 миллион доллар ба ин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистонро дорад.

Омодагии ширкати АМЕR барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи оморҳо, Чин баъд аз Русия бо 247 миллион доллар гардиши мол дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз шарикони бузурги тиҷории Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аммо оморҳои давлати Чин ҳаҷми содироти колои ин кишвар ба Тоҷикистонро ба маротиб бештар нишон медиҳанд. Барои мисол, ба ҳисобҳои ҷониби Тоҷикистон ҳаҷми воридоти мол аз Чин дар соли 2012, 746 миллион долларро ташкил додааст, аммо хадамоти гумрукии Чин мегӯяд, порсол ба Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиарду 69 миллион доллар маҳсулот фиристодаанд.

Чин дар ҳоли ҳозир умдатарин шарики иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷамъи сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард доллар баровард шуда, феълан дар Тоҷикистон тақрибан 50 ширкати Чин фаъолият доранд. Беш аз 1 миллиард доллар, ё дуруст 50 дарсад аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон низ қарзи Чин аст. Дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи май ба Чин, миёни ду кишвар қарордодҳо бо арзиши боз беш аз 200 миллион доллар имзо шуд.
XS
SM
MD
LG