Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эро: Дар баробари ҳамлаи кимиёвӣ набояд хомӯш нишаст


Жан-Марк Эро
Жан-Марк Эро
Нахуствазири Фаронса Жан-Марк Эро ҳушдор дод, ки хомӯш нишастан дар баробари истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия “сулҳу амният дар дар Ховари Миёна”-ро ба хатар мувоҷеҳ мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе зимни суханронӣ дар парлумони Фаронса ӯ изҳор намуд, ки бетафовутӣ дар ин маврид паёми нодуруст ба кишварҳое чун Эрон ва Кореяи Шимолӣ дар робита ба барномаи ҳастаияшон хоҳад буд.

Аз ин пеш раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд тасмим гирифт, ки кишвараш дар амалиёти низомӣ алайҳи режими Башор Асад ва дар посух ба истифодаи эҳтимолии силоҳи кимиёвӣ аз сӯи Димишқ дар паҳлуи ИМА бошад. Ҳолланд гуфт, ки бо ақидаи аҳзоби мухолиф дар мавриди ба раъйпурсии парлумон гузоштани мавзӯи ҳамла ба Сурия мувофиқ нест.

Рӯзи душанбе ҳукумати Фаронса далелҳои аз сӯи нерӯҳои Башор Асад рӯзи 21 август дар канори Димишқ истифода шудани силоҳи кимиёвиро дар ихтиёри вакилони парлумон гузошт. Бар асари ин ҳамла, ба иттилои хабаргузориҳо, беш аз 1400 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG