Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Сурияро беш аз 2 миллион нафар тарк намудаанд


Аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ин кишварро беш аз 2 миллион нафар тарк намудаанд. Дар ин бора рӯзи сешанбе Идораи СММ дар умури паноҳандагон хабар дод. Ба иттилои ин ниҳод, тайи як соли ахир теъдоди фирориён тақрибан даҳ баробар афзоиш ёфт. Антонио Гуттиериш, намояндаи Идораи СММ дар умури паноҳандагон, изҳор намуд, ки “Сурия ба бузургтарин фоҷиаи қарн табдил шудааст”.

Ба иттилои СММ, ҳамарӯза тақрибан панҷ ҳазор суриягиҳо дар кишварҳои ҳамсоя панаҳ мебаранд. Теъдоди фирориёни дохилӣ дар Сурия аз марзи чаҳор миллион нафар убур кардааст.

Қарор аст, ки рӯзи чаҳоршанбе дар Женева намояндагони СММ ва вазирони зидахли Ироқ, Урдун, Лубнон ва Туркия, кишварҳое, ки мизбони иҷбории паноҳандагон аз Сурия шудаанд, роҳҳои афзоиши кӯмаки байнулмилалӣ ба фирориёнро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG