Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИРТ аҳзоби сиёсиро ба мулоқот даъват кард


Куммиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон(КМИРТ) намояндагони аҳзоби сиёсии кишварро ба хотири баррасии масоили марбут ба интихоботи президентии қарибулвуқӯъ ба мулоқот даъват кардааст. Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИРТ рӯзи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин нишаст субҳи сешанбеи 3 сентябр доир хоҳад шуд.

Парлумони Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта 6 ноябрро рӯзи интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣх таъйин кард. КМИРТ ду рӯз пеш эълон кард, ки ҳар довталаб бояд то 210 000 имзо ҷамъ биорад. Ҷамъоварии имзоҳо аз рӯзи пешбарии номзад то 7-уми октябр идома хоҳад ёфт. Аммо бино ба дастури КМИРТ, шаҳрвандони тоҷике, ки берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебаранд, на ҳаққи пешбарии номзадии худро доранд ва на ҳаққи додани имзо барои пешбарии ягон номзади дигарро.

Дар ҳамин ҳол, ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон эълон кард, ки анҷумани пешазинтихоботии ин ҳизб рӯзи 4 октябр доир мешавад. Ба бовари бисёриҳо, раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон ба хотири даст ёфтан ба боз як давраи раёсат дигарбора аз номи ҳизби ҳоким ба интихобот хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG