Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси як ноҳияи вилояти Қундузро куштанд


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар вилояти Қундузи Афғонистон раиси ноҳияи Дашти Арчӣ кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Саид Садриддин рӯзи ҷумъа ҳангоми таркиш дар ҷанозаи як пешвои қабилавӣ дар масҷид ҳалок шудааст. Сухангӯи пулиси Дашти Арчӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳамла 6 нафари дигар кушта ва 12 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Касе масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда нагирифтааст, вале аксаран Толибон, намояндагони ҳукумат дар Афғонистонро ҳадаф мегиранд.
XS
SM
MD
LG