Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони СММ Муаззамияи Сурияро тафтиш карданд


Нозирони Созмони Милал аз маҳалле дар ҳошияи Димишқ, пойтахти Сурия дидан карданд, ки гуфта мешавад, дар онҷо алайҳи шӯришиён аслиҳаи кимиёвӣ ба кор бурдаанд. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, ки бо вуҷуди “пешомадҳои ниҳоят хатарнок”, нозирон “ду шифохонаро дида, бо шоҳидону бозмондагон ва табибон гуфтугӯ карда ва баъзе намунаҳо низ бардоштанд.” Гурӯҳи нозирон рӯзи душанбе ҳангоми ҳаракат ба сӯи маҳаллаи Муаззамия, ҳадафи тирандозии снайперҳо қарор гирифтанд, ҳарчанд касе аз онҳо осеб надид. Айни замон Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки ҳаргуна иқдоми низомии бе иҷозаи Созмони Милал алайҳи Сурия, “нақзи фоҳиши қонунҳои байналмилалӣ хоҳад буд.” Созмони “Табибони Бидуни Марз” гуфтааст, ки дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбе дар Муаззамия 300 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG