Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон нафар аҳолии Тунис ба эътироз баромаданд


Тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ
Тазоҳуроти зидди ҳукуматӣ
Ҳазорон нафар мардуми Тунис дар пойтахти кишвар ба тазоҳурот баромаданд ва истеъфои ҳуккумати исломгароро талаб карданд. Пулис мегӯяд, ки дар эътирозҳои шоми шанбе 10 000 нафар ширкат ҷустаанд.

Раҳбарони мухолифон мегӯянд, ин тазоҳурот ба маънои он аст, ки акнун онҳо бар зидди ҳизби ҳокими Эн Наҳдо як ҳафта эътирозҳои худро идома медиҳанд.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баъд аз суиқасд ба ҷони як нафар сиёсатмадорони мухолифон оғоз ёфт. Ин суиқасд моҳи июли соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Эътилофи мухолифон бо номи Ҷабҳаи Наҷоти Миллӣ ҳукуматро муттаҳам мекунад, ки натавонистааст амниятро таъмин ва мушкилиҳои иқтисодиро ҳал кунад.

Мухолифон тақозо мекунанд, ки аз ҷумлаи технократҳо ҳукмати нав сари кор ояд ва то баргузории интихоботи нав раҳбарии ин кишвар Шимоли Африқоро бар уҳда бигирад
XS
SM
MD
LG