Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай мегӯяд, ба имзои қарордоди низомӣ шитоб намекунад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, Кобул дар имзои қарордоди низомӣ бо Вашингтон саросема нест. Дар ин қарордод шарту шароити ҳузури нируҳои Амрико баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 оварда шудааст. Оқои Карзай афзуд:

“Агарчӣ Амрико хоҳиши октябрро дорад, мо аҷала намекунем. Агар ин санад дар давраи ҳукумат мо имзо шуд, хуб, агар нашуд, раиси ҷумҳури нав меояд ва роҷеъ ба он баҳс мекунад ва метавонад бипазирад ва ё рад кунад”.

Генерал Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки артиши Амрико моҳи июл гуфта буд, вай умед дорад, ки ин қарордод то моҳи октябр ба имзо хоҳад расид. Демпсей гуфт, агар ин қарордод ба имзо нарасад, ҳамаи нируҳои Амрико маҷбур хоҳанд шуд, ки то поёни соли 2014 Афғонистонро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG