Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин мурофиаи додгоҳии Бо Силай идома дорад


Дар Чин рӯзи панҷшанбе, 22 август, мурофиаи додгоҳии Бо Силай, собиқ номзад ба узвияти Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Ҳизби коммунистӣ ва собиқ котиби аввали кумитаи ҳизб дар шаҳри Чунсин шурӯъ шуд. Мансабдори собиқ дар ришватситонӣ, фасод ва сӯиистифода аз мансаб айбдор мешавад. Мурофиаи Бо Силай – бузургтарин дар даҳсолаҳои ахир муҳокимаи додгоҳии як мақоми аршади ҳизби коммунисти Чин маҳсуб мешавад.

Бо Силай соли 2012 баъд аз он аз сафи ҳизб ронда шуд, ки даст доштани хонумаш Гю Кайлай дар куштори тоҷири бритониёвӣ Нил Ҳейвуд ошкор шуд. Хонуми Бо Силай ба эъдом маҳкум шудааст ва шояд ин ҳукм ба ҳабси абад иваз карда шавад.

Бо Силай миёни чиноиҳое маъруф аст, ки аз низоми сиёсии Чин дар замон Мао Тзэдун хушашон меомад. Ҷонибдоронаш мегӯянд, ки иттиҳом алайҳи сиёсатмадор ангезаи сиёсӣ дорад. Агар додгоҳ айби Бо Силайро тайид кунад ва ӯ ҳукми эъдом ё ҳабси тулонӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG