Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вазиристони ҷанубӣ фармондеҳи Толибон кушта шуд


Бар асари инфиҷори бомби рӯираҳӣ дар як минтақаи дурдасти шимолу ғарби Покистон Ғулом Ҷон, фармондеҳи аршади Толибон ва се муҳофизи ӯ кушта шуданд. Хабарнигори муқими Вазиристони ҷанубӣ Ҳафизуллоҳ Вазир рӯзи панҷшанбе ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфт, ки мошини Ғулом Ҷон дар назикиҳои рустои Мана, воқеъ дар наздикиҳои марзи Афғонистону Покистон, ба бомби рӯираҳӣ бархӯрд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.Гуфта мешавад, ки Ғулом Ҷон бо мусаллаҳони Ҷонбиши исломии Ӯзбакистон робитаи наздик дошт. Ин фармондеҳи аршад соли 2007 алайҳи гурӯҳи ҳамқабилааш Аҳмадзай Вазир меҷангид ва маҷбур шуд, ки ҳамроҳ бо ҷангиёни ӯзбак минтақаро тарк намояд. Рақобат миёни гурӯҳҳои Толибон дар Вазиристон, ки он ҷо тайи даҳ соли ахир гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро паноҳгоҳ ёфтаанд, ба як амри маъмулӣ табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG