Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: Мо манофеи кишварҳои поёнобро дар назар мегирем


Рӯзи душанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Кристина Гутиэррес Кортинес-намояндаи порламони Аврупо гуфт, ки ниругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бо назардошти манофеи кишварҳои ҳамсоя сохта мешаванд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон ба иҷро намедаромад, кишварҳои поёноб наметавонистанд миллионҳо ҳектор замини бекорхобидаро обшор кунанд.

Хонум Гутиэррес гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо ва сохторҳои порламонии он барои иҷоди фазои мусоиди ҳамкориҳои созанда дар минтақа дар оянда ҳамкориашро идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG