Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова аз хиёбони Тошканд 200 доллар ёфт


Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ҳангоми сайру гашт дар яке аз хиёбонҳои Тошканд 200 доллар пайдо кард. Дар ин бора ӯ дар блогаш дар Твиттер хабар додааст. Хонум Гулнора навишааст, агар соҳиби пул дақиқан бигӯяд, ки ин пулҳоро дар куҷо гум кардааст, онҳоро бармегардонад. Ба хотири он ки соҳиби пул дар куҷо гум кардани долларҳояшро зудтар ба ёд оварад, Гулнора Каримова акси пулҳоро ҳам дарҷ кардааст.

Сомонаи интернетии “Биржевой лидер” навиштааст, ки пули пайдокардаи Гулнора Каримова аз маоши миёна дар Ӯзбакистон бештар аст. Духтари калонии раҳбари Ӯзбакистон соҳиби моликияти зиёд дар Ӯзбакистон ва хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар Фаронса аст. Ӯ дар Порис ду хона ва дар шаҳри фароғатии Сан-Тропе манзили боҳашамат дорад. Ба навиштаи бархе хабаргузориҳо, Гулнора ва хоҳараш Лола дар маҷмӯъ соҳиби як миллиард долларанд.
XS
SM
MD
LG