Шоми панҷшанбе таркиши мудҳиш як минтақаи воқеъ дар ҷануби Бейрут,пойтахти Лубнонро, такон дод. Ин минтақа таҳти нуфузи ҷунбиши шиаҳо “Ҳизбуллоҳ” қарор дорад.
Хабаргузории давлатии Лубнон дар бораи кушта шудани дасти кам се нафар ва маҷрӯҳ шудани 20 тани дигар иттилоъ додааст. Аммо дигар хабаргузориҳо навиштаанд, ки бар асари таркиш даҳ нафар ҷон бохтаанд ва 120 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Тақрибан як моҳ пеш дар ҳамин минтақа бар асари таркиши мошини ҳомили маворди тарканда беш аз 50 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Гуфта мешавад, ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Лубнон баъд аз он шурӯъ шуданд, ки "Ҳизбуллоҳ" аз раисиҷумҳури Сурия пуштибонӣ кард ва ба набард алайҳи мухолифини режими Димишқ пайваст.