Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи сарбози муттаҳам ба куштори афғонҳо лағв нашуд


Додраси низомӣ дар қазияи сарбози амрикоӣ, ки худро дар куштори 16 шаҳрванди мулкии Афғонистон муҷрим номидааст, дархости вакилони ин сарбозро, ки мехоҳанд айбнома лағв гардад, рад кард. Вакилони мудофиа мегӯянд, ҳуқуқи конститутсионии сержант Роберт Бейлз поймол шудааст, зеро додрас ба хато роҳ дода, ба додситонҳо хулосаи муоинаи вазъи рӯҳии ин сарбозро тақдим кардааст. Ба қавли вакилон, додситон бояд табдил шавад. Вале тавре маълум шуд, додрас Ҷефрӣ Нанс тақозои вакилони Бейлзро қабул накардааст. Моҳи июни соли равон Бейлз худро масъулияти куштори дастаҷамъии афғонҳои мулкӣ дар Қандаҳор дар моҳи марти соли 2012-ум эътироф намуд. Ҳафтаи оянда ҳукми Бейлз эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG