Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср 43 маъмури амниятӣ кушта шудаанд


Вазири умури дохилии Миср мегӯяд, дар муноқишаҳои рӯзи чаҳоршанбе дар кишвар 43 маъмури амниятӣ кушта шуданд. Муҳаммад Иброҳим дар як нишасти хабарии телевизионӣ гуфт, ки мақомоти интизомӣ намегузоранд, ки дигар тазоҳургарон дар ҳеҷ ҷойи кишвар хайма зананд. Ӯ дар ин бора пас аз он сухан гуфт, ки маъмурони амниятӣ тазоҳургарони тарафдори Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Мисрро бо истифода аз зӯр пароканда карда ва ду урдӯгоҳи онҳо дар шаҳри Қоҳираро барчиданд. Ба гуфтаи вазорати беҳдошти Миср дар даргириву кашмакашҳои рӯзи чаҳоршанбе дар Қоҳира ва дигар гӯшаҳои кишвар 149 нафар кушта шуданд. Созмони Ихвонулмуслимин мегӯяд, теъдоди қурбониён аз ин ҳам бештар аст. Пайравони ин созмони исломгаро мехоҳанд, ки Муҳаммад Мурсӣ дар мақоми раиси ҷумҳур барқарор карда шавад. Артиши Миср ӯро рӯзи сеюми июл аз ин мақом маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG