Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон 6 нафарро зиндонӣ карданд


Дар Қазоқистон 6 нафарро бо гуноҳи узвият дар як созмони террористӣ ба мӯҳлати 6 то 10 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи шаҳри Остона Серик Кошалақов раҳбари гурӯҳ ва панҷ шарики ӯро рӯзи чаҳоршанбе ба таъсиси гурӯҳи террористӣ, тарҳрезии амалҳои террористӣ, дуздӣ ва кӯшиш барои куштани афсарон ва мақомоти баландпоя гунаҳкор донист. Муҳокимаи ин 6 нафар моҳи май шурӯъ шуд ва то кунун паси дарҳои баста идома дошт. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи ин гурӯҳ таъсиси хилофати исломӣ дар Қазоқистон будааст ва онҳо мехостаанд, Театри Опера ва Балети шаҳри Остонаро битарконанд ва ба тундравони исломии Қафқоз кӯмаки молӣ бифристанд.
XS
SM
MD
LG