Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16 муҳоҷири "ғайриқононӣ"-и Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд


Бегоҳи рӯзи сешанбеи 13-уми август боз 16 шаҳрванди Тоҷикистон аз Маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии идораи пулиси Маскав ба ватан баргардонида шуд. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи чоршанбеи 14-уми август дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, ки консули сафорати Тоҷикистон бо масъулини маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии идораи пулиси шаҳри Маскав вохурдаанд ва гуфта шудааст дар рӯзҳои наздик шаҳрвандони Тоҷикистон ба тамом ба ватан баргардонида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои нигоҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳр ва вилояти Маскав 106 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебурданд. Даҳ нафари онҳо дар «хаймазиндон» ё лагер барои нигаҳдории муҳоҷирон қарор доштанд. Вале танҳо аз 7-ум то 13-уми август ҳамагӣ 35 шаҳрванди Тоҷикистон ба ватани худ баргардонида шудааст. Садбарг Ғаниева, сардори консулгарии Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳамакнун ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар «хаймазиндонҳо» боқӣ намондааст ва ҳамагӣ онҳо дар маркази нигаҳдории шаҳварндони хориҷии идораи пулиси Маскав нигаҳқорӣ мешаванд.

Ҳарчанд масъулини консулгарии Тоҷикистон дар ин кишвар ва роҳбарони маркази нигаҳдории шаҳрвандони хоиҷӣ дар Маскав вазъи нигаҳдории муҳоҷирони «ғайриқонуни»-ро аз нигоҳи беҳдошт хуб арзёбӣ мекунанд, вале худи муҳоҷирон аз бад будани шароит ва камбудии ғизо шикоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG