Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зани тоҷикро "бо дилсангӣ" аз Русия ронданд


Як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард, аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Раёсати додрасҳои минтақаи Забайкалйе дар баёнияи расмие гуфтааст, ин занро ба далели надоштани ҳаққи иқомат аз шаҳри Чита ронданд ва акнун ӯ дигар ҳақ надорад, то 5 соли дигар ба назди хонаводааш баргардад. Духтари хонавода ҳам, ки барои таътил ба Тоҷикистон омадааст, дигар наметавонад, ба Русия баргардад ва маҷбур аст, таҳсилро дар зодгоҳаш идома диҳад. Ҳарчанд исми шаҳрванди Тоҷикистонро зикр накардаанд, аммо акси ӯ дар торнамои раёсати додрасҳои минтақаи Забайкалйе нашр шудааст. Дар Русия ахиран маъракаи густурдае алайҳи муҳоҷиронро ба роҳ андохтанд ва ҳазорон нафарро ҳам боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG