Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав умедвор аст, ки мулоқот бо Обама бекор нашудааст


Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ дар Вашингтон
Сергей Лавров ва Ҷон Керрӣ дар Вашингтон
Дар Маскав боварӣ доранд, ки мулоқоти Русияву Амрико дар сатҳи олӣ бекор нашудааст, балки ба таъхир андохта шудааст ва Барак Обама дар оянда барои чунин мулоқот аз даъвати ҷониби Русия истифода хоҳад кард.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарие дар Вашингтон баъд аз мулоқот бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Чак Ҳегел-вазири дифои Амрико ба рӯзноманигорон гуфт: “Ман умедворам, он даъватномаеро, ки Барак Обама дар дасти худ нигоҳ медорад, аз он истифода хоҳад кард”.

Бо назардошти ин даъватнома Сергей Лавров гуфт, ки сухан дар бораи лағви мулоқоти раҳбарон дар миён нест ва он ба таъхир гузошта шудааст.
Дар ин мулоқот Сергей Шойгӯ- вазири дифои Русия низ ширкат дошт.
XS
SM
MD
LG