Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳинд Покистонро дар қатли сарбозонаш муттаҳам кард


Давлати Ҳинд бори нахуст ошкоро артиши Покистонро ба даст доштан дар ҳамлаи ғофилгирона ба 5 сарбози он кишвар муттаҳам кард. Аракапарамбил Куриен Энтони вазири дифоъи Ҳинд рӯзи панҷшанбе ба порлумони кишвараш гуфт, возеҳ аст, ки ҳамлаи рӯзи сешанбе ба гурӯҳи гаштзании сарбозон дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд кори дасти «нерӯҳои мутахассиси» Покистон аст. Куриен Энтони афзуд, ин ҳамла ба муносиботи ду кишвар латма хоҳад зад ва Ҳинд ҳам метавонад ба ин ҳамла посух диҳад. Ӯ афзуд, азму иродаи кишвараш барои муҳофизати хати назорати байни ду Кашмир қавист ва хештандории Ҳинд ҳам поён дорад. Покистону Ҳинд ҳарду вилояти Кашмирро аз они худ медонанд ва барои он ду бор ҷангидаанд. Исломобод мегӯяд, дар ҳамла ба сарбозони ҳиндӣ даст надоранд.
XS
SM
MD
LG