Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба шаҳрвандонаш дастур дод, ки Яманро тарк кунанд


Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба он гурӯҳ аз кормандонаш, ки дар Яман кори зарур надоранд, дастур додааст, ки аз ин кишвар берун раванд ва ба шаҳрвандони Амрико дастур додааст, ки Яманро “фавран” тарк кунанд.

Дар ин минтақа дар бораи имкони ҳамлаҳои террористӣ маълумот ба даст омадааст. Ин ҳушдор дар ҳоле пахш шудааст, ки ҳудуди 20 намояндагии дипломатии Амрико дар Ховари Миёна ва Африқо баста шудааст. Пештар дар бораи ифшои мукотибаи Аймон ал Завоҳирӣ-раҳбари Ал Қоида гузориш пахш шуда буд. Дар ин мукотибаҳо Завоҳирӣ ба гурӯҳи Ал Қоида дар Яман дастур додааст, ки чунин ҳамлаҳоро анҷом диҳанд.

Британияву Фаронса ва Олмону Норвегия низ намояндагиҳои дипломатии худро дар минтақа бастанд.
XS
SM
MD
LG