Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи пурсарусадои Туркия поён меёбад


Додгоҳи Туркия ба судури ҳукми 275 нафаре шурӯъ кард, ки ба кӯшиш барои табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешаванд. Додгоҳ рӯзи душанбе аз ин миён 21 нафарро бегуноҳ донистанд ва теъдоди дигарро ба мӯҳлатҳои гуногун, аз ҷумла то 20 соли зиндон маҳкум карданд. Бар асоси ин парвандаи пурсарусадо, Илкер Басбуг, фармондеҳи пешини артиши Туркия, афсарони баландпояи дигар, ҳуқуқдонҳо, академикҳо ва хабарнигорон муҳокима мешаванд. Додситонҳо онҳоро ба “узвият дар созмони террористӣ” бо номи Эргенекон, эҷоди ноамнӣ, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва барангехтани ошӯби мусаллаҳона алайҳи ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби Адолат ва Тавсиаи ӯ муттаҳам мекунанд, ки ин ҳизб решаҳои исломӣ дорад. Мухолифони давлати Туркия, муҳокимаи додгоҳиро, ки соли 2008 шурӯъ шуд, талоше барои хомӯш кардани мунтақидони ҳукумат хондаанд.
XS
SM
MD
LG