Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи толори мурофиаи додгоҳӣ барои кӯдакон


Имрӯз, 5-уми август барои нахустин бор бо ташабуси Идораи кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, толори мурофиаи додгоҳӣ ва утоқи пурсиши некхоҳона барои кӯдакон ифтитоҳ мешавад. Акобир Зоҳидов, ҳамоҳангсози ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон рӯзи душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар маросими ифтитоҳи ин утоқ Намояндагони Шӯрои адлияи Тоҷикистон, Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва роҳбарияти ташкилоти SBC дар Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ба гуфти манбаъ, ин толор ва утоқ дар бинои Додгоҳи ноҳияи Сомонии Душанбе барои дастгирии кӯдакон омода шудааст. Кушодашавии ин толор бо ширкати васеи намояндагони ахбори умум сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG