Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Калифорния пулис марди гумонбарро бозпурсӣ мекунад


Дар Калифорнияи Амрико пулис мардеро бозпурсӣ мекунанд, ки барои рондани мошин аз болои одамон дар пиёдарави канори соҳили истироҳатгоҳи машҳури Венетсия гумонбар дониста мешавад. Ин маҳали сайёҳӣ дар Лос Анҷелес аст. Дар ин ҳодиса як нафар кушта шудааст ва 10 нафари дигар дар бемористон бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.

Шоҳидони айнӣ ва кормандони пулис мегӯянд, ки онҳо дар пушти фармони мошин марди зардинаеро дидаанд, ки ҳудуди 20 сол доштааст ва қасдан мошинро аз болои одамон мерондааст ва мошинро ҳам хуб идора мекардааст ва аз маҳали ҳодиса зуд фирор кардааст.

Ду нафари дигар аз афроди маҷруҳ дар ҳолати сангин дар бемористон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG