Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросимҳои савганди Рӯҳонӣ дар Теҳрон оғоз шудааст


Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ
Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон ба унвони раиси ҷумҳурӣ баъдӣ савганд ёд мекунад. Маросимҳои марбут ба ин савганд рӯзи шанбе дар Теҳрон оғоз меёбад. Қарор аст рӯзи шанбе Ҳасани Рӯҳонӣ барои оғози фаъолияти худ дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ расман ризояти оятулло Хоманеиро бигирад.

Тибқи Қонуни Асосии Эрон фаъолияти чаҳорсолаи Рӯҳонӣ бо дарёфти ризояти Хоманеӣ оғоз мешавад. Интизор меравад, ки Хоманеӣ мухтасар саханронӣ кунад.

Маълум нест, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ё Маҳмуди Аҳмадинежод, ки давраи раёсаташ бо ин маросим ба поён мерасад, рӯзи шанбе суханронӣ кунанд.

Интизор меравад, Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросиме бо ҳузури аъзои Маҷлис ё порламони Эрон ва меҳмонони хориҷӣ аз 52 кишвар раёсаташро оғоз кунад.
XS
SM
MD
LG