Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамоати Исломиро ба интихобот роҳ намедиҳанд


Додгоҳи Олии Бангладеш умдатарин ҳизби исломӣ дар ин кишварро аз ҳаққи ширкат дар интихоботии порлумонии соли оянда маҳрум кард. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Ҳизби Ҷамоати Исломӣ аз он хотир ба интихобот роҳ дода намешавад, ки ойинномааш бар хилофи бандҳои Қонуни Асосӣ аст, низоми кишварро дунявӣ эълон кардааст. Ҳукми додгоҳ нигарониҳо аз сар задани ноамнӣ дар Бангладешро барангехт. Айни замон чанде аз раҳбарони Ҷамоати Исломӣ бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ дар ҷангҳои истиқлолталабии Бангладеш дар соли 1971 муҳокима мешаванд ва чаҳор нафари онҳо то кунун ба марг маҳкум шудаанд. Бангладеш баъди он ҷангҳои соли 1971 аз Покистон ҷудо шуд. Ҷамоати Исломӣ муҳокимаҳои додгоҳиро сохта хонда ва гуфтааст, ҳадафи ин ҳама аз байн бурдани ҳизб аст. Ҳукмҳои пешина сабаби низоъи тарафдорони ҳизб бо нерӯҳои амниятӣ шуд ва ба гуфтаи Ҳюман Райтс Вотч дасти кам 150 кушта бар ҷой гузошт. Тахмин мешавад, ки дар ҷангҳои соли 70-ум, ки Ҷамоати Исломӣ тарафи Покистонро гирифта буд, аз як 1 то 3 миллион нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG